Эрон иҷозаи интиқоли силоҳу муҳимотро аз хокаш намедиҳад
Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо радди хабари транзити силоҳу таҷҳизоти низомӣ аз масири Эрон ба Арманистон гуфт : Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба ҳеч ваҷҳ иҷоза намедиҳад аз хокаш барои интиқоли силоҳу муҳимот истифода шавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода-сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар посух ба саволи хабарнигорон дар хусуси бархе иддаоҳои расонаӣ дар бораи транзити силоҳу адавоти низомӣ аз масири хоки Эрон ба мақсади Арманистон таъкид кард : Ҷумҳӯрии исломии Эрони зимни назорати дақиқу контроли лозим бар раванди ҷобаҷоӣ ва транзити коло ба кишварҳо ба ҳеч ваҷҳ иҷоза намедиҳад аз хоки Эрон барои интиқоли силоҳу муҳимот истифода шавад .
Хатибзода афзуд : Тараддуди мошинҳо ва транзити колоҳои маъмулии ғайринизомӣ миёни Ҷумҳӯрии исломии Эрон ва кишварҳои ҳамсоя ба таври маъмул ҳамвора барқарор буда аст ва мошинҳои мавриди ишора низ сарфан дар ҳамин чорчуб ба фаъолияти худ машғул ҳастанд.
Даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ субҳи якшанбеи гузашта дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки миёнҷигарони байналмиллалӣ барои ҷилавгирӣ аз ин даргириҳо ҳеч талоши ҷиддӣ дар моҳҳои гузашта аз худ нишон надодаанд.
Муноқишаи ин ду кишвар бар сари минтақаи Қарабоғ соли 1988 оғоз шуда аст .