Октябр 10, 2016 19:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Русия ба идомаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ дар мубориза бо терроризм

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ба идомаи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар дар мубориза бо терроризм таъкид карданд.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон имрӯз, душанбе, дар дидор ба Алксандр Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия дар Теҳрон афзуд, таърихи масрафи намоишҳои расонаӣ ва сиёсии Ғарб барои сарпӯш гузоштан ба сиёсатҳои дугона дар мубориза бо терроризм ба поён расида, афкори умуми ҷаҳон аз беэътибор будани ин рӯйкардҳо огоҳ аст. Алии Шамхонӣ тасреҳ кард, сиёсати истифодаи абзорӣ аз терроризм барои пешбурди аҳдофи сиёсӣ муҳимтарин чолиши Амрико ва Ғарб дар мубориза бо терроризм аст. Шамхонӣ ҳамчунин гуфт, ба иллати идомаи сиёсати дугона амнияти кишварҳои ғарбӣ дастхуши осебҳои ҷиддии пур аз иқдомоти террористӣ ва мӯҷиби тақвияти терроризм дар Аврупо ва Амрико шудааст. Ӯ хотирнишон кард, мудохилаи низомии кишварҳои хориҷӣ бидуни дархосту мувофиқати Ҳукумати Сурия нақзи ҳокимияти миллӣ ва иқдоме дар масири печидатар шудани буҳрони ҷорӣ дар ин кишвар аст. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин ба зарурати тақвият ва баланд бардоштани ҳамкориҳои Эрон, Русияю Сурия ва ҷараёни муқовимат дар мубориза бо терроризм ва ҳомиёни он таъкид кард.

Александр Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия низ дар ин дидор бо ишора ба муносиботи роҳбурдии рӯ ба тавсеаи Эрону Русия гуфт, ҳамкории Эрону Русия дар ҳавзаи мубориза бо терроризм дар Сурия пойдор, роҳбурдӣ ва ҳамаҷониба аст.

 

Барчасп