Персполис Пахтакорро дар ҳам печид
(last modified Thu, 01 Oct 2020 04:51:18 GMT )
Октябр 01, 2020 09:51 Asia/Dushanbe
  • Персполис Пахтакорро дар ҳам печид

Дастаи Персполиси Теҳрон бо пирӯзӣ бар Пахтакори Узбакистон ба марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти лигаи қаҳрамонони Осиё роҳ ёфт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин дидор, ки шаби гузашта аз соъати 21-у 15 дақиқа ба вақти Теҳрон ва  22-у 45 дақиқа ба вақти Душанбе дар варзишгоҳе дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, дастаи Персполиси Теҳрон муваффақ шуд бо натиҷаи ду бар сифр ҳарифи узбакистонии худро шикаст медиҳад.

 Голҳои ин дидорро Исои оли Касир дар дақиқаҳои 50 ва 68 вориди дарвозаи Пахтакор кард.

Дастаи сурхпушони Теҳрон бо ин натиҷа пирӯзи майдон шуд ва ба ниманиҳоии лигаи қаҳрамонони Осиё расид ва рӯзи шанбе бозии  ин даврро дар муқобили Аннасри Арабистон анҷом медиҳад.