Дастёбии артиши Эрон ба сомонаи сохти зердарёии бумӣ
(last modified Thu, 01 Oct 2020 06:42:15 GMT )
Октябр 01, 2020 11:42 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии артиши Эрон ба сомонаи сохти зердарёии бумӣ

Муовини амалиёти нерӯии дарёи(баҳри)и артиши Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо ишора ба дастёбии ин нерӯ ба сомонаи сохти зердарёии бумӣ , гуфт : Новшиканҳои "Ҷаморон " ва " Саҳанд " аз ҷумлаи дастовардҳои артиши Эрон дар ҳавзаи шиноварҳои сатҳӣ аст.

Дарёдор Ғуломризо Таҳонӣ-муовини амалиёти нерӯии дарёии артиши Эрони рӯзи чаҳоршанбе дар маросиме дар Теҳрон бо баёни инки дар ҳавзаи таҷҳизоти зерсатҳӣ , сатҳӣ , парвозӣ ва мушакии нерӯии дарёӣ иқдомоту барномаҳои хубе пешбийнӣ ва иҷро шуда аст , афзуд : Нерӯи дарёии артиши Эрон дар ҳавзаи мушакӣ ба вазъияти хеле хубе расида аст.

 Дарёдор Таҳонӣ бо таъкид бар инки раванди “тавлиди амният” ва “ҷаҳиши тавлид” ҳамчунон дар Эрон идома дорад , тасреҳ кард : Нерӯи дарёӣ дар ҳавзаи шиноварҳои зерсатҳӣ ба гӯнае пешрафт карда, ки илми онро густариш дода ва ба сомонаи сохти зердарёии бӯмӣ даст пайдо карда аст.

 Новшикани " Саҳанд " ба унвони пешрафтатарин новшикани ғарби Осиё , аввали декабри 2018 ба новгон(флот)и ҷанӯбии нерӯии дарёии артиши ҷумҳӯрии исломии Эрони пайваст.

 Ин новшикани чаҳормотора пешрафтатар аз насли қаблии худ яъне новшикани "Ҷаморон " ва бо қобилияти радаргурезӣ дар блокҳои алоҳида тарроҳӣ ва сохта шуда аст.

Радаргурезӣ,доро будани сомонаҳои зидди зердарёӣ ва мӯшаки сатҳ ба сатҳ ва сатҳ ба ҳаво , сомонаи дифои нуқтаӣ ва навъҳои тӯпҳои зиддиҳавоӣ ва зиддсатҳӣ аз ҷумлаи қобилиятҳои новшикани Саҳанд аст .