Октябр 01, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Иморот ва Исроил: Фарофаканӣ дар сояи буҳронсозӣ дар минтақа

Вазири умури хориҷаи Иморот ва нахуствазири Исроил бори дигар дар нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, иттиҳомҳои такрорӣ ва нахнамошударо зидди Эрон матраҳ карданд.

Шайх Абдуллоҳ бин ‌Зоид, вазири хориҷаи Иморот ва Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дар 75-умин нишасти Маҷмаи умумӣ, маворидеро зидди Эрон матраҳ карданд, ки чизе ба ҷуз намоиши сиёсӣ ва такрорӣ набуд.

Вазири хориҷаи Иморот дар ҳоле бори дигар дар нишасти Маҷмаи умумии СММ муддаии ҳокимияти Иморот бар ҷазоири сегонаи Бӯ Мусо, Тунби кӯчак ва Тунби бузург шуд, ки бар асоси асноди таърихӣ, ин ҷазоир ҷузъи қаламрави Эрон аст.

Ин навъ фарофаканиҳо ва такрори иддаоҳои беасоси вазири хориҷаи Иморот, таъсире бар ҳаққи ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҷазоири сегона нахоҳад дошт ва фоқиди ҳар гуна арзиши ҳуқуқӣ ва қонӯнӣ аст.

Иморот дар ҳоле ҳар бор талош дорад бо тарҳи иддаоҳои зиддиэронӣ афкори умумиро таҳти таъсир қарор диҳад, ки рафторҳои дирӯз ва имрӯзи Иморот бахше аз буҳрон дар минтақаи ғарби Осиё аст.

Дар ҳамин замина, Саъиди Хатиб‌зода, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо интиқод аз рафтори мухарриби Иморот дар минтақа ва мушорикати фаъоли ин кишвар дар ҷангафрӯзӣ гуфт, тавофуқи оддисозии Иморот бо режими ҷангталаб ва буҳронофарини Исроил, дар воқеъ Иморотро ба бахше аз буҳрон дар минтақаи ғарби Осиё табдил кардааст.

Иморот дирӯз дар ҷанги Яман бо Арабистони Саъудӣ дар куштори мардуми мазлӯми Яман нақш дошта ва имрӯз ҳам бо ошкорсозии равобит бо режими Исроил ба ҳуқуқ ва ормони миллати Фаластин хиёнат кардааст .

Исроил манбаи мушкилоти минтақаи ғарби Осиёаст ва оддисозии равобити Иморот бо ин режим, таъйиди сиёсатҳои ҷангталабона ва буҳронофарин дар минтақаи ғарби Осиё аст. Дар чунин шароите, тарҳи иддаоҳои такрории вазири хориҷаи Иморот зидди Эрон дар чочӯби талош барои инҳирофи афкори умумии минтақа аз рафторҳои мухарриби Иморот қобили арзёбӣ аст.

Матраҳ шудани чунин иддаоҳое, рафтори муштараки режимҳои мухарриб дар минтақаи ғарби Осиёаст ва Исроил ҳам бояд ба сабаби қатли оми мардум ва кӯдакони фаластинӣ дар маҷомеи байналмилалии ҳуқуқӣ муҳокима шавад, аммо талош мекунад афкори умумӣ ва маҷомеи байналмилалиро фиреб диҳад.

Иддаои Натаняҳу мабни бар инки Эрон ба дунболи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ буда, дар ҳоле аст, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ борҳо бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таъкид кардааст.

Нахуствазири Исроил дар ҳоле бо фарофаканӣ ва иддаоҳои беасос талош мекунад, Эронро хатаре барои минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кунад, ки моҳияти ишғолгарӣ ва нажодпарастӣ ва ҳамчунин садҳо кулоҳаки ҳастаии режими Исроил, таҳдиди ҷиддӣ барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ аст.

Бо тавваҷуҳ ба равшан будани моҳияти рафтори Иморот ва Исроил дар минтақаи ғарби Осиё, фарофаканӣ ва тарҳи иддаоҳои такрорӣ ва нахнамо шуда дар Маҷмаи умумӣ воқеиятҳоро дигаргун нахоҳад кард, чаро ки Исроил манбаи аслии буҳрон ва Иморот ҳам бахше аз фароянди буҳронофаринӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст.

 

Барчасп