Испания аз режими саҳюнистӣ дар девони байналмилалии Лоҳа шикоят мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122280-Испания_аз_режими_саҳюнистӣ_дар_девони_байналмилалии_Лоҳа_шикоят_мекунад
Порс тудей- Пас аз ифшои шиканҷа ва бадрафтори бо фаъолони башардустонаи новгони Сумуд, Испания расман аз ташкили парвандаи ҳуқуқи зидди режими саҳюнистӣ дар девони байналмилалии кайфари хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 07, 2025 13:38 Asia/Dushanbe
  • Испания аз режими саҳюнистӣ дар девони байналмилалии Лоҳа шикоят мекунад
    Испания аз режими саҳюнистӣ дар девони байналмилалии Лоҳа шикоят мекунад

Порс тудей- Пас аз ифшои шиканҷа ва бадрафтори бо фаъолони башардустонаи новгони Сумуд, Испания расман аз ташкили парвандаи ҳуқуқи зидди режими саҳюнистӣ дар девони байналмилалии кайфари хабар дод.

Давлати Испания дар як иқдоми таърихӣ режими саҳюнистиро барои "шиканҷа ва боздошти ғайриқонунии" шаҳрвандонаш дар киштии башарии Сумуд ба додгоҳи байналмилалӣ мебарад. Ба гузориши Порс тудей, ба нақл аз хабаргузории донишҷӯи Эрон "ISNA", пас аз он ки даҳҳо фаъоли испанӣ дар киштии Сумуд, ки дар иҳотаи беш аз 40 киштии ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Ғазза буданд, гузоришҳои даҳшатбор дар бораи “шиканҷаи системавӣ” дар асорати саҳюнистӣ, ифшо кард, Фернонду Геронде Морлоско вазири дохилаи Испания бо ифшои ҷиноятҳои суратгирифта шуда дар боздоштгоҳои саҳюнисти аз ташрифоти қонуни барои пайгири ин омили ин ҷиноёт дар девони кайфарим байналмилалӣ хабар дод.  

Пас аз он ки фаъолони испанӣ дар киштии Ал-Сумуд эълом карданд, ки аз хоб ва дору аз ҷумла инсулин барои беморони диабет маҳрум шудаанд, вазири умури дохилии Испания ин амалиётро "роҳзанӣ дар обҳои байналмилалӣ" номид ва таъкид кард: Ҳукумати Испания на танҳо ба додгоҳи Гаага ҳозир хоҳад шуд, балки аз тамоми зарфиятҳои додгоҳии миллӣ барои таъқиби ҷинояткорон истифода хоҳад кард.

Ҳамзамон, додситонии Испания ба таҳқиқи худ дар бораи ҷиноятҳои ҷангии Исроил дар Ғазза шурӯъ кард, то далелҳои ҷиноятҳоро барои муҳокима дар додгоҳҳои байналмилалӣ ҳифз кунад.

Муқовимати додгоҳии Испания бо режими ишғолии Исроил дар ҳолест, ки киштии Ал-Сумуд бо ҳадафи рахна кардани муҳосираи 18-сола, ки бино ба гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, минтақаро ба як "зиндони рубоз" табдил карда аст, ба ин минтақа рафта буд.