Ҳимояти намодини Туркия аз Фаластин - воқеиятҳои пинҳон пушти жестҳои дипломатӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122270-Ҳимояти_намодини_Туркия_аз_Фаластин_воқеиятҳои_пинҳон_пушти_жестҳои_дипломатӣ
Порс-Тудей. Изҳороти Умит Уздоғ, сиёсатмадори туркияӣ дар бораи Фаластин вокунишҳои густардае дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст.
(last modified 2025-10-06T09:44:58+00:00 )
Октябр 06, 2025 14:42 Asia/Dushanbe
  • Умит Уздоғ, раиси ҳизби Пирӯзии Туркия
    Умит Уздоғ, раиси ҳизби Пирӯзии Туркия

Порс-Тудей. Изҳороти Умит Уздоғ, сиёсатмадори туркияӣ дар бораи Фаластин вокунишҳои густардае дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст.

Умит Уздоғ, раиси ҳизби Пирӯзии Туркия гуфт: Мусилу Киркук барои мо муҳимтар аз Фаластин аст. Раҳбари ҳизби Пирӯзии Туркия ва аз мухолифони давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳурии ин кишвар гуфт, ки изҳороти қаблиаш дар бораи миллӣ набудани масъалаи Фаластин барои Туркия боиси корзори тахрибӣ алайҳи ӯ шудаву мунтақидон вайро ба ҳимоят аз режими Исроил муттаҳам кардаанд.

Уздоғ афзуд: Ба ман иттиҳом мезананд, зеро гуфтам, Фаластин масъалаи миллии миллати Туркия нест. Ҳатто Фаластин як мавзӯи муштарак барои ҷаҳони араб ҳам маҳсуб намешавад. Қудс бо муқаддасоташ ҷойгоҳи вижае назди туркҳо дорад, аммо масъалаи миллии аслии мо нест.

Уздоғ дар идома бо интиқод аз рӯйкарди дугонаи давлати Туркия нисбат ба масъалаи Фаластин гуфт: Дар ҳоле ки миллати Фаластин дар Ғазза бо куштору оворагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, тиҷорати Туркия бо режими Исроил ҳамчунон бо қудрат идома дорад. Касоне ки иддао мекунанд Фаластин масъалаи миллии онҳост, ҷуз ҳарф задан коре намекунанду тиҷораташонро бевақфа идома медиҳанд.

Раҳбари ҳизби Пирӯзии Туркия таъкид кард, ки Мусилу Киркук ба унвони сарзамини туркманҳо ва бахше аз қаламрави пешини давлати Усмонӣ, барои туркҳо аҳамияти бештаре нисбат ба Фаластин доранд.

Раҳбари ҳизби Пирӯзӣ ҳамчунин авлавиятҳои миллии ҳизбашро баршумурду гуфт: Конуни тавваҷуҳи мо манофеи миллати Туркия аст. Ин шомили масоиле чун Киркуку Мусил, Туркистони шарқӣ (минтақаи худмухтори Уйғур дар Чин), шарқи баҳри Миёназмин, истиқлоли ҷумҳурии турки Кипри Шимолӣ, Тарокиёи Ғарбӣ (дар шимоли шарқии Юнон ва ҳаммарз бо Туркия), ҷазоири туркии ишғолшудаи Юнон дар дарёи Иже ва сохтани Ҷумҳурии Туркияи қудратманд, муттаҳид ва секулор мешавад.

Дар маҳофили сиёсӣ ва расонаҳои Туркия, интиқодоти ҷиддӣ дар мавриди рӯйкарди давлати Эрдуғон дар қиболи масъалаи Фаластин матраҳ шудааст. Яке аз интиқодоти муҳим алайҳи раиси ҷумҳурии Туркия дар хусуси идомаи наслкушӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, равобити тиҷории Туркия бо режими саҳюнистӣ будааст.

Ба таври куллӣ дар солҳои ахир сиёсати Туркия дар қиболи масъалаи Фаластин бо таноқузҳое ошкор ҳамроҳ будааст. Дар ҳоле ки давлати Эрдуғон борҳо аз ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза интиқод карда ва худро ҳомии миллати Фаластин муаррифӣ кардааст, равобити иқтисодӣ ва дипломатии Анкара бо Тел-Авив ҳамчунон идома дорад. Ин рафтори дугона боис шуда бисёре аз таҳлилгарону мунтақидон ҳимояти Туркия аз Фаластинро бештар иқдоме таблиғотӣ бидонанд.

Давлати Туркия дар маҷомеи байналмилалӣ, расонаҳову суханрониҳои расмӣ борҳои режими Исроилро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кардаву хостори таваққуфи ҳамалот ба Ғазза шудааст. Бо ин ҳол, оморҳои тиҷорӣ нишон медиҳанд, ки содироту воридот миёни Туркия ва режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир на танҳо мутаваққиф нашуда, балки дар бархе давраҳо афзоиш низ ёфтааст. Ин тазод миёни гуфтори сиёсӣ ва рафтори иқтисодии мақомоти давлати Туркия, яке аз аслитарин далоили таблиғотӣ будани ин ҳимоят аст.

Масъалаи Фаластин дар фазои сиёсии дохилии Туркия низ ба абзоре барои таҳрики эҳсосоти мазҳабӣ ва миллигароёна табдил шудааст. Ҳизби Адолат ва Тавсеа, ба раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар мавоқеи буҳронӣ ё дар остонаи интихобот бо барҷастасозии ҳимоят аз Фаластин талош мекунад пойгоҳи мардумии худро тақвият кунад. Ин дар ҳолест, ки иқдомоти амалӣ дар ҳимоят аз фаластиниҳо ағлаб маҳдуд ба мавозеи расонаӣ боқӣ мемонад. Бисёре аз кишварҳои арабиву исломӣ низ ин ҳимояти давлати Туркия аз Фаластинро на тааҳҳуде воқеӣ, балки бештар жести дипломатӣ медонанд.

Ҷомеаи Туркия, ба вижа гуруҳҳои исломгарову ҷавонон, ҳассосияти болое нисбат ба масъалаи Фаластин доранд. Давлат барои ҳифзи маҳбубият дар миёни ин ақшор, маҷбур аст мавозеи намодину таблиғотӣ иттихоз кунад. Ин мавозеъ ағлаб дар қолаби твитҳои эҳсосӣ, суханрониҳои тунд ё ҳузур дар таҷаммуоти ҳимоятӣ зоҳир мешаванд, аммо дар сатҳи сиёсатгузории калон тағйири маҳсусе эҷод намекунанд.

Сиёсати Туркия дар қиболи Фаластин беш аз он ки мубтанӣ бар роҳбурде мунсаҷим бошад, абзоре барои мудирияти афкори умумӣ, рақобатҳои сиёсии дохилӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи дипломтии Анкара дар ҷаҳони Ислом аст. Рӯйкарди сиёсиву таблиғотии давлати Туркия дар қиболи Фаластин агарчӣ мумкин аст дар кӯтоҳмуддат муассир бошад, аммо дар баландмуддат эътибори дипломатии Туркияро дар минтақа бо чолиш мувоҷеҳ мекунад.