Хумпораҳои ҷанги Қарабоғ як кӯдаки эрониро захмӣ кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57968-Хумпораҳои_ҷанги_Қарабоғ_як_кӯдаки_эрониро_захмӣ_кард
Бо оғози муноқиша дар минтақаи Қарабоғ, як қатор хумпораҳое (миномётҳо), ки ду тарафи ҷанг андохтанд, ба хоки Эрон фуруд омаданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 01, 2020 19:18 Asia/Dushanbe
  • Хумпораҳои ҷанги Қарабоғ як кӯдаки эрониро захмӣ кард

Бо оғози муноқиша дар минтақаи Қарабоғ, як қатор хумпораҳое (миномётҳо), ки ду тарафи ҷанг андохтанд, ба хоки Эрон фуруд омаданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Алӣ Амирии Род  фармондори шаҳристони Худоофарин дар марзи шимолу ғарбии Эрон  рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт : дар пайи даргирии нерӯҳои низомии Арманистон ва Ҷумҳурии  Озарбойҷон дар минтақаи Қорабоғ, аз субҳи имрӯз  панҷ хумпораи тарафҳои даргир, ба манотиқи марзии Эрон исобат кардааст .
Вай афзуд: ду хумпора ба рустои  Парвиз  ХонлуParviz Khanlu бархурд карда, ки бар асари он, як кӯдаки шашсола захмӣ шуда ва се хумпора низ дар боғҳо ва заминҳои кишоварзии ин русто  фуруд омадааст .
Рӯзи душанбе низ дар пайи даргирии нерӯҳои низомии Арманистон ва Ҷумҳурии  Озарбойҷон дар минтақаи Қорабоғ, се хумпораи тарафҳои даргир дар манотиқи марзии Эрон  фурӯд омада буд .
Даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қорабоғ субҳи якшанбе аз сар гирифта шуд .