Ҷон бохтани 187 бемори коронаии дигар дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57973-Ҷон_бохтани_187_бемори_коронаии_дигар_дар_Эрон
Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори нави гирифтор ба корона ва фавти 187 нафар дар 24 соъати гузашта дар кишвар хабар дод .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2020 14:02 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 187 бемори коронаии дигар дар Эрон

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори нави гирифтор ба корона ва фавти 187 нафар дар 24 соъати гузашта дар кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ-сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба корона дар кишвар гуфт : Дар 24 соъати гузашта 3 ҳазору 552 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 1 443 нафар бистарӣ шуданд.

 Лорӣ бо баёни инки маҷмӯи беморони КОВИД 19 дар Эрон ба 464 ҳазору 596 нафар расида аст, афзуд :Дар 24 соъати гузашта 187 нафар аз беморони КОВИД 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 26 ҳазору 567 нафар афзоиш ёфта аст .

 Ба гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон , то кунун 385 ҳазору 264 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .

 Теъдоди афроди мубтало ба  корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 35 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод камаш як миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 25 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 Амрико бо беш аз 7 миллион мубтало ба корона ва ҳудуди 213 ҳазор қурбонӣ , бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро ба худ ихтисос дода аст .