Октябр 11, 2016 17:37 Asia/Dushanbe

Фаро расидани нуҳумин рӯзи Муҳаррам ва Тосуои Ҳусайнӣ, Эрони исломиро дар суги ҳаётбахш ва ҳаракатофарини Ҳусайнӣ ба шӯру талотум даровардааст.

Имрӯз сешанбе баробар бо нуҳумин рӯзи моҳи муҳаррамалҳароми соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ ва 11-и октябри 2016 рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ (а) аст .

Мардуми Худоҷу ва муъмини Эрони исломӣ имрӯз дар саросари кишвар бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масоҷид ва ҳарамҳо ва маконҳои муқаддас дар ҳоли азодорӣ ҳастанд .

Имрӯз бозорҳо, идораҳои давлатӣ, мадорис, донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмияи воҳидҳои тавлидӣ ва санъатӣ дар Эрон таътил ва сиёҳпуш ва саросари ин кишвар якпорча ғарқ дар азодорӣ аст .

Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсузи Карбало ва шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёрони вафодораш на танҳо аз аҳаммият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчи мегузарад, паёми Ошуро густардатар ва ойинҳои азодорӣ бо шӯру дарки бештаре баргузор мешавад .

Фардо рӯзи даҳуми Муҳаррам ва солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон имом Ҳусайн (а) аст, ки дар даҳуми Муҳаррами соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ ҳамроҳ бо 72 тан аз ёрони фидокораш дар Карбало ба дасти сипоҳиёни муздури Банӣ Умая ба шаҳодат расиданд.

Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ ва солрӯзи шаҳодати сарвари озодагони ҷаҳонро ба ҳамаи мусалмонон ва озодихоҳон таслият мегӯяд .

Гузориши тасвирӣ аз маросими азодории рӯзи Тосуои Ҳусайнӣ дар шаҳри Занҷон дар шимоли ғарби Эронро мебинед :