Конфедератсияи футболи Осиё пеш аз бозии калон ба Персеполиси Эрон зарба зад
Чанд соат қабл аз бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё байни Персеполиси Эрон ва Ан-Насри Арабистони Саудӣ, конфедератсияи футболи Осиё ҳамлагари тими Эронро барои шаш моҳ маҳрум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Исо Оли Касир муҳоҷими тими Персполиси Эрон бо ҳукми AFC ба далели хушҳолиаш дар бозии баробари Пахтакори Ӯзбакистон ба шаш моҳ маҳрумият аз тамоми мусобиқот маҳкум шуд ва бозии имрӯзи муқобили намояндаи Арабистонро аз даст дод .
Оли Касир дар рӯзҳои ахир борҳо тавзеҳ дода буд, ки чанд сол аст дар шодии пас аз гол задан, ба хотири чашмҳои бодомии бародарзодааш худро шабеҳи ӯ мекунад ва ин ҳаракати ӯ иртиботе ба қавмият ва ё нажоди тими хосе надорад .
Оли Касир дар давраи ҳозири рақобатҳои лиги қаҳрамонони Осиё муқобили Ал-Садд ва Аш-Шарҷа ҳам ин шодии пас аз гол заданро анҷом дода, аммо бо вокунише рӯ ба рӯ нашуда буд .
Нуктаи ҷолиби тавваҷӯҳ ин аст, ки бошгоҳи ал-Аҳлии Арабистон ҳам ба хотири истифодаи як бозикуни ғайримуҷоз дар таркиби Ан-Наср аз ин тим шикоят карда буд, аммо AFC ин шикоятро рад кард .
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ илова бар эрониҳо, корбарони арабистонӣ низ ба ҳукми конфедератсияи футболи Осиё эътироз карда ва онро золимона хондаанд .