Октябр 04, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории конференсияи ваҳдати исломӣ ба сурати маҷозӣ; 29 октябр то 3 ноябр

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ аз баргузории 34 -умин конференсияи ваҳдати исломӣ, ҳамзамон бо ҳафтаи ваҳдат ва айёми валодати Паёмбари Акрам (с) ба сурати маҷозӣ хабар дод.

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ «Ҳамиди Шаҳриёрӣ» рӯзи якшанбе дар ҳошияи нишасти барномарезӣ ва ҳамоҳангии бузургдошти ҳафтаи ваҳдат дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: имсол  ҳафтаи ваҳдати муқорин бо 29 октябр то 3 ноябр аст ва беш аз 200 шахсияти хориҷӣ аз ҷаҳони исломӣ перомуни ваҳдати уммати исломӣ суханронӣ мекунанд .   
Шаҳриёрӣ афзуд: ‌ маросими ифтитоҳияи конференсияи ваҳдати исломӣ дар рӯзи 29 октябр  муқорин бо 12 рабиул  аввал ва маросими ихтитомия  3 ноябри муқорин бо 17 рабиул аввал  баргузор хоҳад шуд .
Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ҳамчунин бо баёни ин ки мусулмонони ҷаҳон бо фарҳихтагии тамом бо мусибати вируси корона мувоҷеҳ шуданд , изҳор кард : тафовутҳое дар рафторҳои миллатҳои исломӣ ва миллатҳои ғарбӣ ё давлатҳои исломӣ ва давлатҳои ғарбӣ дар мувоҷеҳ бо ин масъала вуҷуд дорад, ки яке аз меҳварҳои аслии конференсияи ваҳдати исломӣ дар соли ҷорӣ ҳамин мавзӯ хоҳад буд,   
Аҳли суннат, дувоздаҳуми моҳи рабиул аввал ва шиаён ҳафдаҳуми ин моҳро солрӯзи валодати Паёмбари гиромии ислом ( с ) медонанд .
Бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳазрат  Имом  Хумайнӣ ( р.ҳ),  ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳоду наздик шудани гурӯҳҳои исломӣ истифода карданду фосилаи байни ин ду торих (   12 то 17 рабиул аввал )-ро « ҳафтаи ваҳдат » номгузорӣ карданд .

Барчасп