Ҷон бохтани 235 тан бар асари корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58066-Ҷон_бохтани_235_тан_бар_асари_корона_дар_Эрон
Бо даври ҷадиди авҷ гирифтани корона дар Эрон дар шабонарӯзи гузашта 235 нафар дар ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 235 тан бар асари корона дар Эрон

Бо даври ҷадиди авҷ гирифтани корона дар Эрон дар шабонарӯзи гузашта 235 нафар дар ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта  се ҳазору 902 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон  шиносоӣ ва аз ин теъдод  ҳазору 953 нафар бистарӣ шуданд .
Бар ин асоси  маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 475 ҳазору 674 нафар расидааст .
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 27 ҳазору 192 нафар афзоиш ёфтааст .
То кунун 392 ҳазору 293 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .