Таъкиди Эрон бар лузуми таваққуфи фаврии даргириҳо миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме таваққуфи фаврии даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи муноқишаи Қарабоғро хостор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Саид Хатибзода дар ин паёми твиттерӣ бо таъкид бар ин ки тарафҳои даргир бояд қонуни ҷангро риоят ва аз ҳадаф қарор додани ғайринизомиён иҷтиноб кунанд, афзуд: “Эрон хостори оташбаси фаврӣ, эҳтиром ба тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон ва оғози гуфтугӯҳои сиёсӣ барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ аст.
Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилоф доранд. Муноқишаи ин ду кишвар бар сари минтақаи Қарабоғ соли 1988 оғоз шуд.
Даври ҷадиди ин даргириҳо аз 27 сентябр оғоз шуд ва то кунун шуморе аз нерӯҳои ду тараф кушта ва ё захмӣ шуданд.
Пеш аз ин Хатибзода дар хусуси бархе тааррузоти анҷомшуда ба хоки Эрон дар даргириҳои ахир байни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон бо ҳушдор ба тарафҳои даргир таъкид карда буд, ҳар гуна таарруз аз сӯйи ҳар як аз тарафҳо ба хоки Эрон ғайриқобили таҳаммул аст
Дар рӯзҳои ахир даргириҳо миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон мунҷар ба исобати теъдоде ракету хумпораи тарафайни мунозиа ба теъдоде аз рустоҳову манотиқи ҳамҷавор бо марзи ин ду кишвар дар Эрон ва маҷрӯҳ шудани як кӯдаки панҷсолаи эронӣ шудааст.