Ашки тимсоҳи Амрико барои беморони куруноии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58135-Ашки_тимсоҳи_Амрико_барои_беморони_куруноии_Эрон
Давлати Трамп пас аз хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶом дар майи 2018 дар чорчӯби корзори фишори ҳаддиаксарӣ, шадидтарин таҳримҳо дар тӯли таърихро алайҳи Эрон эъмол карда ва ҳатто дар давраи ҳамагирии куруно низ аз ин сиёсати худ даст накашидааст. Акнӯн Вашингтон дар жести дурӯғин муддаии дилсӯзӣ барои миллати Эрон ба далели вазъияти куруно дар Эрон шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 07, 2020 12:51 Asia/Dushanbe
  • Ашки тимсоҳи Амрико барои беморони куруноии Эрон

Давлати Трамп пас аз хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶом дар майи 2018 дар чорчӯби корзори фишори ҳаддиаксарӣ, шадидтарин таҳримҳо дар тӯли таърихро алайҳи Эрон эъмол карда ва ҳатто дар давраи ҳамагирии куруно низ аз ин сиёсати худ даст накашидааст. Акнӯн Вашингтон дар жести дурӯғин муддаии дилсӯзӣ барои миллати Эрон ба далели вазъияти куруно дар Эрон шудааст.

Morgan Ortagus, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар изҳороти музҳик, муддаии нигаронӣ аз ташдиди шуюи куруно дар Эрон шуд. Вай дар паёми “Твиттер”-ӣ навишт: Иёлоти Муттаҳида нигарони вахимтар шудани шароити муртабит ба Ковид-19 дар Эрон аст ва мо бори дигар бар пешниҳоди кумакҳое, ки аввалинбор дар моҳи феврал матраҳ кардем, таъкид мекунем.

Изҳороти Ortagus дар ҳоле матраҳ мешавад, ки таҳримҳои золимонаи Амрико, муқобила бо буҳрони куруно дар Эронро душвортар кардааст то ҷое, ки бисёре аз кишварҳо иқдоми Вашингтонро ғайриинсонӣ хонда ва хостори лағви ин таҳримҳо дар шароити куруноӣ шудаанд. Дар айни ҳол, Ortagus дар ҳоле аз вазъияти вахими куруно дар Эрон хабар дода, ки акнӯн Амрико ба далели сӯи мудирияти давлати Трамп ба бузургтарин кишвари мубтало ба вируси куруно табдил шуда ва рутбаи нахусти мубталоён ва фавтиҳои ношӣ аз ин вирус дорад.

Ба назар мерасад, вокуниши риёкорона ва дурӯғин Вашингтон ва ибрози нигаронӣ аз густариши куруно дар Эрон то ҳадди зиёде ба далели баёнияи ахири 26 кишвари ҷаҳон дар маҳкӯм кардани таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ алайҳи дигар кишварҳо дар буҳбуҳаи ҳамагирии куруно дар ҷаҳон ва вазъияти нобаҳанҷори кунӯнӣ сӯрат гирифтааст. Аз ҳангоми ҳамагирии куруно дар Эрон, давлати Эрон ва соири кишварҳо монанди Русия ва Чин борҳо аз Созмони милал хостаанд, Амрикоро водор кунад то дар заминаи коҳиши фишорҳои таҳримӣ алайҳи Эрон ба манзури тасҳили воридоти ақломи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо куруно иқдоме сӯрат диҳад. Бо  ин ҳол на танҳо иқдоме дар  ин замина сӯрат нагирифта, балки Вашингтон акнӯн аз ташдиди ҳарчӣ бештари иқдомоти таҳримӣ алайҳи Эрон сухан мегуяд. Эллиот Абрамс, намояндаи вижаи давлати Амрико дар умӯри Эрон ахиран дар мусоҳибае таъкид кард, фишорҳои эъмол шуда алайҳи Эрон ҳаргиз монанди акнӯн набудаанд. Мо ин фишорро ҳамон тавр, ки дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои ояндаи хоҳед дид, идома дода ва онро ташдид хоҳем кард.

Бад-ин тартиб мушаххас аст, ки ба рағми вазъияти номусоиди куруно дар Эрон ва лузуми иқдомоти бештар дар  ин замина, аз ҷумла ворид кардан доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз Вашингтон, ки сароҳатан аз ташдиди ҳарчӣ бештари таҳримҳо алайҳи Эрон сухан мегӯяд на фақат қасди кумаки воқеӣ дар  ин замина надорад, балки ба хаёли худ хоҳон он аст, ки аз  ин вазъият барои ташдиди фишорҳо алайҳи миллати Эрон истифода кунад.

Ба гуфтаи Stephen Kinzer, рузноманигор ва пажӯҳишгари амрикоӣ шиддати таҳрими давлати Трамп дар Эрон, тактикҳои муҳосира дар даврони бостонро ба ёд меоварад. Дар он замон подшоҳон ва кишварҳои қудратманд, артишро ба атрофи шаҳрҳо мефиристоданд ва аз вурӯди таҷҳизот ҷилавгирӣ мекарданд, то мардумро гурусна ва таслим кунанд. Ин иттифоқро имрӯз ҳам шоҳид ҳастем.

Тадовуми таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон ҳамзамон бо шуюи вируси куруно ва эъмоли анвои маҳдӯдиятҳо аз ҷониби Вашингтон дар заминаи дастрасӣ ба ақлом ва таҷҳизоти зарурӣ барои мубориза бо куруно, амалан мӯҷиб шуда то акнун мавзӯи фишори ҳаддиаксарии Амрико ба низоми дармонии Эрон матраҳ шавад. Дар воқеъ дар бурҳаи кунунӣ давлати Трамп амалан "терроризми пизишки"ро дар канори"терроризми иқтисодӣ", алайҳи миллати Эрон эъмол мекунад ва бо тадовуми ин раванд муртакиби ҷиноят алайҳи башарият шудааст.