Октябр 07, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз 4 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон

Беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдош , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта, чаҳор ҳазору 19 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  ҳазору 820 нафар бистарӣ шуданд .
Бар ин асос  маҷмӯи беморониКовид -19 дар Эрон ба 483 ҳазору 844 нафар расидааст .
Дар шабонарӯзи гузашта ҳамчунин 239 нафар аз беморони Ковид -19 дар Эрон  ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 27 ҳазору 658 нафар афзоиш ёфт .
Ба гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 397 ҳазору 109 нафар аз беморон беҳбӯуд ёфтау аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .