Октябр 08, 2020 13:17 Asia/Dushanbe

17 меҳрмоҳ баробар бо бистуми сафар солрӯзи Арбаини Ҳусейнӣ ва чилумин рӯзи шаҳодати Ҳазрат Имом Ҳусейн (а) аз аҳли байти поки Расули гиромии ислом (с) дар соли 61 ҳиҷрӣ-қамарӣ аст.

Мусулмонон ҳар сол чил рӯз пас аз солгарди воқеаи Ошуро, дар маросими бузургдоште ба номи Арбаин (ба маънии чилум), бори дигар хотираи ҳамосаи Ошуроро дар ёдҳо зинда мекунанд ва мақоми волои исор ва шаҳодат Имом Ҳусейн (а) дар роҳи эҳёи маъорифи баланди ислом ва сираи Паёмбар (с)-ро гиромӣ медонанд.

Бинобар ривояте ҳамзамон бо чилумин рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн (а) корвони аҳли байти Паёмбар (с) пас аз ифшои моҳияти зиддиисломии Язид ва ҳаққонияти қиёми Имом Ҳусейн (а) бо сӯз ва гудози ҳасратбор ба сарзамини Карбало расид ва дар он ҷо бо саҳобаи бузурги Паёмбар (с) , Ҷобир бин Абдуллоҳ Ансорӣ ва иддае дигар аз  ёрони Имом (а) рӯ ба рӯ шуд, ки ин афрод нахустин зиёраткунандагони мазори Имом Ҳусейн (а) буданд.

Ба ёдбуди ин зиёрати таърихӣ ва ранҷи асорати асирони Карбало, ҳар сол бисёре аз мусулмонон аз роҳҳои дур ва наздик ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон худро пиёда ба боргоҳи нуронии Имом Ҳусейн (а) дар Карбало мерасонанд то номашон дар радифи дӯстдорон ва пайравони Муҳаммад ва Оли Муҳаммад салавот ....алайҳим сабт шавад, аммо шуйюъи корона садде дар масири ин зиёрати рӯҳони қарор дода ва дилҳои сӯхта аз фироқи Ҳусейниро дилтангтар аз ҳамеша кардааст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Арбаини Ҳусейниро ба ҳамаи ошиқони он Ҳазрат таслият мегӯяд.

Барчасп