Октябр 08, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Фарорасии Арбаини Ҳусейнӣ таслият бод

Имрӯз панҷшанбе 20 сафари 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 8 октябр соли 2020, Арбаин ё чиҳилумин рӯзи шаҳодати Ҳазрат Имом Ҳусейн (а) набераи Паёмбари гиромии ислом (с) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шумори зиёдӣ аз мусулмонон ва пайравони адёни илоҳии дигар дар солҳои гузашта, аз чанд рӯзи монда ба арбаъини шаҳодати Ҳазрати Имом Ҳусейн ( а), бо пиёдаравӣ аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Ироқ, худро ба марқади мутаҳҳари эшон дар Карбалои маъло мерасонаданд .
 Бар асоси омори расмии манобеи ироқӣ, беш аз 18 миллион зоир аз 80 кишвари ҷаҳон аз ҷумла беш аз се миллион Эронӣ соли гузашта дар пиёдаравии Арбаини Ҳусейнӣ, ки бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ ва маънавӣ дар ҷаҳон аст, ширкат карданд .
Аммо имсол зоирони хориҷӣ Арбаини Ҳусейниро бо ҳадафи пешгирӣ аз шуюъи вируси корона ба Ироқ сафар накарданд ва пиёдаравии Арбаин фақат бо ҳузури зоирони ироқӣ барпо шуд .
Мардуми Эрон, ки аз тавфиқи пиёдаравии Арбаини Ҳусейнӣ ҷой монданд , имрӯз панҷшанбе ҳамзамон бо Арбаини шаҳодати Ҳазрати Абоабдуллоҳи Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон , дар саросари Эрон дар хонаҳои худ зиёрати Арбаинро қироат карданд .
Соати 10 субҳи рӯзи панҷшанбе ба вақти Теҳрон низ маросими қироати зиёрати Арбаин ва азодорӣ бо ҳузури Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Ҳусейнияи ИмомХумайнӣ ( раҳ. ) баргузор шуд .
Ин маросим, ки бар асоси дастуруламалҳои ситоди миллии мубориза бо коронаи Эрон бидуни ҳузури ҷамъият баргузор мешавад, ба сурати зинда аз шабакаҳои телевизиюнии Эрон ва ҳамчунин хабаргузории " Эрон пресс " пахш хоҳад шуд .
Сайти Порстудей ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Арбаини Ҳусейнӣ (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байти Паёмбари Акрам ( с ) ва озодихоҳони ҷаҳон, таслият мегӯяд .

Барчасп