Октябр 08, 2020 22:45 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Эрон даргузашти устод Шаҷариёнро тасаллият гуфтанд

Мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳое даргузашти устод Муҳаммадризо Шаҷариёнро тасаллият гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паи даргузашти Муҳаммадризо Шаҷариён устоди бузурги овози Эрон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ  рӯзи панҷшанбе дар Твиттере навишт: "яқинан миллати қадршиноси Эрон, ном ва ёду осори ин ҳунарманди маҳбубро ҳамвора дар хотирҳо, зинда нигоҳ хоҳанд дошт."

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раиси Ҷумҳурии Эрон низ дар паёме зимни тасаллияти даргузашти устод Муҳаммадризо Шаҷариён таъкид кард номи ӯ ба яқин дар оянда низ ҳамчунон хоҳад дурахшид чаро ки мероси гаронқадр дар гузаштаву ҳол доштааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф низ дар паёме ба муносибати даргузашти устод Шаҷариён дар инстаграмми худ навишт: "Устод Муҳамадризо Шаҷариён дар Арбаини сайиду солори шаҳидон ҳазрат Або Абдуллоҳи Ҳусейн (а) рахти инна илайҳи роҷиун бар тан кард, тани хокиро ба хокиён ва ҷону дилро ба афлокиён супурду аз миёни мо пар кашид."

Саъид Аббос Солеҳӣ вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон низ дар паёме даргузашти устоди овози Эронро ба ҷомеаи ҳунардӯстон ва хонаводаи ин марҳум тасаллият гуфт.

Ҳамчунин Али Лориҷонӣ мушовири мақоми муаззами раҳбарӣ дар паёи тасаллияти худ садои Муҳаммадризо Шаҷариёнро мероси ислом хонд,ки дар дилҳо ором гирифта ва ба ёдгор мемонад.

Муҳаммадризо Шаҷариён устоди овози Эрон, пас аз ҳудуди чаҳор сол таҳаммули бемории саратон, рӯзи панҷшанбе 17 меҳр, 8 октябр дар синни 80 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.