Октябр 09, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи бонкҳои Эрон

Дар пайи душмании ҷадиди Амрико дар таҳрими 18 бонки эронӣ, Муҳамадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ин таҳримҳоро талоши Амрико дар аз байн бурдани каналҳои боқимондаи Эрон барои пардохти баҳои ғизову дору тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Муҳамадҷаводи Зариф дар ҳисоби твиттерии худ таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи бонкҳои эрониро маҳкум карду афзуд, режими Амрико қасд дорад дар авҷи ҳамагирии ҷаҳонии вируси корона каналҳои молии боқимондаи мо барои пардохти баҳои ғизову доруро нобуд кунад.

Зариф дар идома таъкид кард, эрониён дар муқобили ин ситамгарии ҷадид тоб хоҳанд овард, аммо дасисачинӣ барои гуруснагӣ додан ба як ҷомеа, ҷиноят алайҳи башарият аст.

Зариф ҳушдор дод, омилону иҷрокунандагони ин иқдом ситамгарона бо адолат рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Вазорати хазонадории Амрико панҷшанбе, аср (ба вақти Теҳрон) 18 бонки Эронро таҳти таҳрим қарор дод.

Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БарҶом (8 майи 2018) корзоре ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Вашингтон эълом кардааст, ҳадаф аз корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон, расидан ба тавофуқе ҷадид бо Теҳрон аст, ки дар он ба ҳамаи масоили мавриди назари Амрико пардохта шавад.

 

Барчасп