Ҷон бохтани 210 бемори коронаии дигар дар Эрон
Октябр 09, 2020 16:34 Asia/Dushanbe
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 210 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 142 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 787 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 492 ҳазору 378 нафар расидааст.
Дар 24 соати гузашта ҳамчунин бо фавти 210 нафар аз беморони Ковид - 19 дар Эрон шумори ҷонбохтагони ин беморӣ ба 28 ҳазору 98 нафар афзоиш ёфт.
То кунун 401 ҳазору 379 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Барчасп