Ҷон бохтани 210 бемори коронаии дигар дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58167-Ҷон_бохтани_210_бемори_коронаии_дигар_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 210 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2020 16:34 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 210 бемори коронаии дигар дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 210 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 142 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 787 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 492 ҳазору 378 нафар расидааст.

Дар 24 соати гузашта ҳамчунин бо фавти 210 нафар аз беморони Ковид - 19 дар Эрон шумори ҷонбохтагони ин беморӣ ба 28 ҳазору 98 нафар афзоиш ёфт.

То кунун 401 ҳазору 379 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.