Устоди овози Эрон бо навои “Раббано” дар хок ором гирифт+акс
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58182-Устоди_овози_Эрон_бо_навои_Раббано_дар_хок_ором_гирифт_акс
Пайкари зинда ёд устод Шаҷариён бо навои “Рабано”  имрӯз субҳ дар ҷавори оромгоҳи Фирдавсӣ ором гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 10, 2020 11:31 Asia/Dushanbe

Пайкари зинда ёд устод Шаҷариён бо навои “Рабано”  имрӯз субҳ дар ҷавори оромгоҳи Фирдавсӣ ором гирифт.

Ба гузориши ИРНА, зиндаёд Муҳаммадризо Шаҷариён ҳамроҳ бо пахши навои ҷовидонаи “Раббано”-и вай, дар муҳаватаи оромгоҳи Фирдавсӣ дар Туси Машҳад рух дар ниқоби хок кашид.

Шаҳри Тус дар 25 километрии шимоли Машҳад воқеъ аст.

Image Caption
Image Caption

Бо таваҷҷуҳ бо шуюи куруно ва зарурати риояти фосилагузории иҷтимоӣ, хоксупории он марҳум бо теъдоди маҳдуде аз афроди ширкаткунанда дар ин маросим, яъне ҳудуди 150 нафар шомили хонаводаи вай, муовини умури фарҳангии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ ва бархе аз масъулон, пешкисватони арсаи мусиқӣ , ҳунармандон ва алоқмандон ба устод Шаҷариён дар маҳали оромгоҳи Фирдавсӣ баргузор шуд.

Бо тавваҷӯҳ ба ҳузури соири алоқамандони ин устоди бузурги мӯсиқии Эрон, дар хориҷ аз маҳали хоксупории ин маросим аз телевизионҳои шаҳрӣ насб шуда дар ҳоли пахш аст ва мардум шоҳиди баргузории ин маросим ҳастанд.

Мардум ба нишонаи алоқаи худ ба марҳум Шаҷариён, бархе аз навоҳо ва тасмифҳои хонда шудаи он устоди фақид ҳамчун "Мурғи саҳар нола сар кун" ва "эй Эрон марзи пургуҳар"-ро замзама мекунанд.

Image Caption
Image Caption

Хонаводаи зиндаёд устод Муҳаммадризои Шаҷариён низ ки дишаб вориди Машҳад шудаанд, субҳи имрӯз ва дақоиқе пеш аз оғози маросими хоксупорӣ ба ҷамъи дӯстдорони устоди овози Эрон дар муҳавватаи оромгоҳи Фирдавсӣ дар атрофи Машҳад пайвастанд.

Устод Муҳаммадризо Шаҷариён, барҷастатарин ҳунарманди арсаи овоз ва мӯсиқии суннатии Эрон, ки аз вай бо унвони" Хусрави овози Эрон" ёд мешавад, пас аз таҳаммули давраи тӯлонии беморӣ панҷшанбешаб дар сини 80 солагӣ дар бемористони Ҷами Теҳрон даргузашт.

Устод Шаҷариён зодаи аввали меҳри 1319 дар Машҳад, мусиқи‌дон, оҳанг‌соз, хонанда ва хушнависи Эрон замин буд, ки сайти анҷумани Осиё, вайро ба унвони пуровозатарин ҳунарманди мӯсиқии асилии эронӣ муаррифӣ кардааст.

Ҳамчунин рӯзномаи Ванкувер ӯро яке аз муҳимтарин ҳунармандони мӯсиқӣ дар соли 2010 ва яке аз 50 садои бартари ҷаҳон муаррифӣ карда буд.