Таъсиргузории Ҳофиз бар шоирони Олмон ва Австрия
(last modified Sun, 11 Oct 2020 13:22:57 GMT )
Октябр 11, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Таъсиргузории Ҳофиз бар шоирони Олмон ва Австрия

Сафири Эрон дар Вена ба муносибати рӯзи Ҳофиз, бар таъсир ва илҳоми шоирони Олмон ва Австрия аз ин шоири пуровозаи эронӣ таъкид кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, «Аббос Боқир» сафири Эрон дар Вена бо гиромидошти  рӯзи Ҳофизи Шерозӣ, дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт, « Иоханн Волфганг фон Гёте» Johann Wolfgang von Goethe шоири олмонӣ, ки бо илҳом аз ғазалиёти Ҳофиз, " Девони ғарбӣ-шарқи "-и худро суруд, мадюни  Ҳаммер Пургсталлии австрягӣ Hammer Purgstall   ( ховаршинос ва бунёнгузори Академияи улуми Австрия ) аст, ки аввалин тарҷумаи комили девони Ҳофизро ба забони олмонӣ ироа кард .
 Имрӯз ( якшанбе ) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ номгузорӣ шудааст .
Хоҷа  Шамсиддин  Муҳамад бин Баҳоуддин  Ҳофизи Шерозӣ ( ҳудуди солҳои 727 – 792 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо қарни чаҳордаҳуми милодӣ) , шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст .
Ин шоири номӣ дар даврони ҷавонӣ бар бисёре аз улуми мазҳабӣ ва адабии рӯзгори худ тасаллут ёфт ва ба яке аз машоҳири илму адаби диёри худ табдил шуд .
Вай дар ин давраи афзун бар андӯхтаи амиқи илмӣ ва адабӣ, Қуръонро низ комил аз ҳифз дошт ва аз ин рӯ  тахаллуси " ҳофиз " бар худ ниҳод .
Девони Ҳофизи Шерозӣ, шомили 500 ғазал ва теъдоде рубоӣ ва қитъаву қасида аст .
Нусхаҳои хаттии ашъори Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Эрон, Ҳинд , Афғонистон, Покистон ва Туркия мавҷуд аст.