Октябр 12, 2020 12:17 Asia/Dushanbe

Пули Шикаста ё пули Шопурӣ дар Хуррам‌обод, маркази устони Луристони Эрон танҳо пули бостонӣ дар ҷаҳон аст, ки комилан аз санг сохта шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, ин пули таърихӣ дар замони Шопӯри аввали Сосонӣ бо беш аз 300 метр тӯл ва 10 метру 75 сантиметр иртифоъ, аз бузургтарин пулҳои сангии Эрон аст, ки барои убӯри корвон ва сипоҳёни эронӣ аз минтақаи Шӯш ба самти Ҳагматона сохта шуд.

Пули бузург ва дидании “Шикаста” дар Хуррамобод дар феҳристи осори миллии Эрон ба сабт расидааст.

Бар асари сел ва дигар ҳаводис дар тӯли таърих, танҳо чанд даҳона аз ин пули боқӣ мондааст.

Устони Луристон бо зарфиятҳои бисёри тахрихӣ гардишгарӣ, яке аз мақсадҳои муҳимми гардишгарон дар ғарби Эрон аст.

 

Барчасп