Ибрози таассуфи Эрон аз нақзи оташбас миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз нақзи оташбаси эълом шуда миёни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон ибрози таассуф кард.
Саъиди Хатибзода рӯзи душанбе дар вокуниш ба нақзи оташбаси эъломшуда миёни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон гуфт, Эрон бо ибрози таассуф аз нақзи ин оташбас ва даъват аз тарафайн ба хештандории бештар, ҳамалоти мушакӣ ба зерсохтҳои ҳаётӣ ва манотиқи маскӯнии шаҳрҳо ва куштори ғайринизомиёнро маҳкӯм ва бо хонаводаҳои доғдор ибрози ҳамдардӣ мекунад.
Хатибзода афзуд, Эрон бори дигар аз тарафайн мехоҳад зимни пайбандӣ ба оташбас, гуфтугӯҳои худро дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал ва эҳтиром ба тамомияти арзии якдигар ва тахлияи шаҳрҳои ишғолӣ аз сар гиранд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин омодагии Теҳрон барои осон шудан гуфтугӯҳои Боку-Еравонро барои расидан ба сулҳ ва роҳи ҳалли доимӣ ва пойдор дар минтақа эълом кард.
Аз соати 12 рӯзи шанбе 10-уми октябр миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон оташбас барқарор шуд, аммо дақоиқе баъд, ин оташбас нақз шуд.