Эрони исломӣ якпорча ғарқ дар мотам шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5827-Эрони_исломӣ_якпорча_ғарқ_дар_мотам_шуд
Бо фаро расидани ошуро, рӯзи эҳтизози пурғурури парчамҳои озодагӣ, ҳамосаи Ҳусайнӣ саросари Эрони исломиро фаро гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2016 15:01 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ якпорча ғарқ дар мотам шуд

Бо фаро расидани ошуро, рӯзи эҳтизози пурғурури парчамҳои озодагӣ, ҳамосаи Ҳусайнӣ саросари Эрони исломиро фаро гирифт.

Мардуми азодори Эрони исломӣ бо ҳузур дар масоҷид ва ҳусайнияҳо дар рӯзи ошурои Ҳусайнӣ бо ташкили дастаҳои синазанӣ ва занҷирзанӣ барои мазлумияти шуҳадои Карбало азодорӣ мекунанд.

Гурӯҳҳои мухталифи мардум, аз пиру ҷавон ва зану мард бо ширкат дар ин маросим дар ғами шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн (а) азодорӣ мекунанд ва бар сару сина мезананд.

Имрӯз (чаҳоршанбе) даҳумин рӯзи моҳи муҳаррам, солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати Ҳусайн (а) аст, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало, шаҳид шуданд.