Талоши Эрон барои бозгардондани пулҳои Бобаки Занҷонӣ аз бонкҳои Тоҷикистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i583-Талоши_Эрон_барои_бозгардондани_пулҳои_Бобаки_Занҷонӣ_аз_бонкҳои_Тоҷикистон_ва_Чин
Мудири умури ҳуқуқии Ширкати миллии нафти Эрон гуфт, маҷмуъаи санъати нафт барои вусӯли мутолиботи худ аз Бобаки Занҷонӣ, бо бонкҳое аз Чин ва Тоҷикистон дар мукотиба аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 24, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Талоши Эрон барои бозгардондани пулҳои Бобаки Занҷонӣ аз бонкҳои Тоҷикистон ва Чин

Мудири умури ҳуқуқии Ширкати миллии нафти Эрон гуфт, маҷмуъаи санъати нафт барои вусӯли мутолиботи худ аз Бобаки Занҷонӣ, бо бонкҳое аз Чин ва Тоҷикистон дар мукотиба аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати нафти Эрон, Алиакбар Моҳрухзода гуфт, « бо вуҷӯди таҳаққуқ пайдо накардани ваъдаҳои мукаррари Бобаки Занҷонӣ, қарздори бузурги нафтӣ, тайи 2,5 соли гузашта ва бо вуҷӯди пайгирии фаровон, ҳанӯз ноумед нашуда ва аз ҳеч талоше барои вусӯли талаби Ширкати миллии нафти Эрон дареғ намекунем».

Вай бо баёни ин ки муттаҳам, пешниҳоди пардохти қарзии худро аз тариқи бонке дар Чин ва бонкҳое дар Тоҷикистон ироа додааст, афзуд, коршиносон ва намояндагоне аз санъати нафт, пайгири ин мавзӯъ ҳастанд.

Ба гуфтаи вай, ба ин манзур Вазорати нафти Эрон пешнависи тафоҳумномаеро бо бонки Тоҷикистон, дар дасти танзим дорад.

Додгоҳи расидагӣ ба иттиҳомоти Бобаки Занҷонӣ ба унвони муттаҳами радифи аввал ва Маҳдӣ Шамс ва Ҳамид Фалоҳӣ Ҳиравӣ ба унвони муттаҳамони радифи дувум ва сеюм дар парвандаи фасоди нафтӣ, октябри 2015 оғоз шуд ва пас аз 26 ҷаласа, дар авоили феврали 2016 ба поён расид.

Ин дар ҳоле аст, ки Ширкати миллии нафти Эрон ҳамчунон барои вусӯли мутолиботи худ аз Бобаки Занҷонӣ, ки ҳудӯди се миллиард евро аст, талош мекунад.