Баргузории нишасти маҷозии бузургдошти Ҳофиз аз сӯи муассисаи фарҳангии ЭКО
-
Сарвар Бахтӣ, раиси тоҷикистонии муассисаи фарҳангии ЭКО
Нишасти маҷозии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ аз сӯи муассисаи фарҳангии ЭКО ва Донишгоҳи аллома Таботабоии Эрон баргузори шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст, ки рӯзи якшанбеи 11 октябр бо ҳузури устодон ва шахсиятҳои фарҳангӣ аз кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва Туркия баргузор шуд, суханронон дар бораи шахсият ва ашъори Ҳофиз ибрози назар карданд.
Сарвар Бахтӣ, раиси тоҷикистонии муассисаи фарҳангии ЭКО дар ифтитоҳияи ин нишаст рози мондагории Ҳофизро даъвати ӯ ба бо Худо будан ва ба касе озор нарасонидан донисту афзуд: “Ҳофиз танҳо шоири форсигӯй аст, ки мардум бо ҳазорон умед бар девонаш фол мезананд то гиреҳ аз корашон боз шавад ва рӯзгорашон пур аз сарсабзиву нишоту тароват бошад, валеи шояд камтар касон медонанд, ки дар сарзамини Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам модарон зери сари тифл девони ӯро мениҳанд, бо ин ният, ки аз ҷамеи офот нигаҳдораш бошад”.
Дар идома, Неъматуллоҳ Эронзода, раиси Донишкадаи адабиёти форсӣ ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ ба ҷои суханронӣ ва ба манзури адои эҳтиром ба Муҳаммадризо Шаҷариён, устоди мусаллами овози Эрон, ки ҳофизшиноси барҷаста низ буд ва чанд рӯз қабл дори фониро видоъ гуфт, устодону ширкаткунандагон дар барномаро ба шунидани асаре аз вай меҳмон кард.
Ҷойгоҳи Ҳофиз дар Тоҷикистон
Абдунабӣ Сатторзода, устоди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар ин нишаст дар бораи ҳофизпажӯҳӣ дар Тоҷикистон дар даврони нав сухан ронду гуфт: “Маҳбубияти Ҳофиз дар Тоҷикистон аз замони ҳаёти шоир вуҷуд доштааст ва дар мактабҳои шаҳрҳои қадимии тоҷикнишине чун Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд аз рӯйи девони Ҳофиз савод меомӯхтанд ва ҳатто имрӯза низ Ҳофиз аз маҳбубтарин шоирон дар Тоҷикистон аст”.
Муҳаммадносири Раҳёб, устоди забон ва адабиёти форсӣ ва раиси Донишгоҳи Ғолиби Ҳирот, Қуъронбеков, устоди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ховаршиносии Тошканди Ӯзбакистон, Ёқуб Шафақ, устоди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Кириккалеи Туркия, Аббосалӣ Вафоӣ ва Муҳаммадҳасани Ҳасанзода, устодони донишгоҳҳои Эрон ва Наима Шукрӣ, устоди Донишгоҳи адабиёт ва улуми инсонии Заҳлиаи Лубнон аз дигар суханронони ин маросим буданд.
Рӯзи 20 меҳр, 11 октябр, дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи гиромидошти Ҳофизи Шерозӣ номгузорӣ шудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ - аз суханварони номии ҷаҳон
Ҳофизи Шерозӣ, шоири мондагор дар дилҳои мардум
Баргузори ҳамоиши бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ дар Италия