Октябр 14, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Сояи таҳримҳои золимонаи Амрико бар мубориза бо куруно

Таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ ба яке аз абзорҳои сиёсати хориҷии Амрико табдил шудааст.

Бо шуюи буҳрони корона, таҳримҳои Амрико ба ин арса низ сироят кард. Амрико муддаӣ аст, таҳримҳои Эрон монеъ аз содироти колоҳои башардӯстона монанди таҷҳизоти пизишкӣ, дармонӣ ва доруӣ ба Эрон набудааст. Бо вуҷуди ин иддао, маҳдӯдиятҳои ношӣ аз таҳримҳо мунҷар ба бунбасти мубодилоти бонкӣ ва бозаргонӣ ва мушкилот дар вурӯд ва хуруҷи арз аз Эрон шудааст, ки ба дунболи он, воридоти дору ва ё таъмини маводи аввалияи онро бо чолиш ва маҳдӯдияти асосӣ мувоҷеҳ кардааст..

Ба гузориши дидабони ҳуқуқи башар аз соли 2019, ба далели ҳароси бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ ва бонкҳои ҷаҳонӣ аз иқдомоти танбеҳӣ ва таҳримии Амрико, Эрон бо камбуди дору мувоҷеҳ шудааст ва эрониҳо аз дастрасӣ ба доруҳои зарурӣ ва ҳаққи баҳрамандӣ аз саломат, маҳрум шудаанд.

Бо иқдомоти таҳримии Амрико, мушкилоти камбуди дору ва малзумоти пизишкӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои танаффусии маснуъӣ ва таҷҳизоти муҳофизатӣ дар моҳҳои нахусти шуюи куруно, низоми дармонро барои муқобила бо Ковид-19 дучори мушкил кард. Бо вуҷӯди таҳримҳо, аммо Эрон дар мубориза бо корона ба муваффақиятҳои чашмгире даст ёфтааст. Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе изҳор кард, Эрон илова бар таҳримҳои золимонаи Амрико, бо куруно низ меҷангад ва ҷаҳониён фаҳмиданд Эрон дар ин шароит, чӣ азамате ба даст оварад.  

Намакӣ бо баёни инки дар муддати 50 рӯзи ибтидоии шуюи куруно ва бо вуҷӯди таҳримҳои золимонаи Амрико, нафту кимёи Эрон маводеро тавлид карданд, ки сабуктарин либос ва моск(ниқоб)-ро метавон аз он таҳия кард, гуфт, дар ин муддат Эрон тавонист илова бар таъмини ниёзи худ, таҷҳизоти беҳдоштӣ ва дармониро ба кишварҳои дигар низ содир кунад.

Саъид Намакӣ ҳамчунин дар 67-умин иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи баҳри Миёназамини шарқии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки рӯзи душанбе ба сӯрати видеоконфронс баргузор шуд, ба коршиканиҳои Амрико дар ин замина ишора кард ва гуфт, бархе кишварҳо, мушкилоти зиёде барои воридоти ваксинаи зуком барои Эрон эҷод карданд ва ба ҷуз афзоиши қиммат, мавонеъе барои воридоти ин ваксина вуҷуд дорад.

Акнӯн Эрон бо мавҷи сеюми корона мувоҷеҳ аст ва ҳамаи ниҳодҳо, аз ҷумла сипоҳ ва артиш бо ҳамаи зарфият ба майдон омадаанд.

таҳрими доруӣ; нақзи ҳуқуқи башар

Асароти мухарриб ва зиёнбори ношӣ аз таҳримҳо афзун бар таҳрими доруӣ, дигар бахшҳои беҳдошт ва дармонро дучори мушкилоти мутааддиде кардааст. Ин иқдомот мисдоқи нақзи фоҳиши ҳуқуқи бунёдини башарӣ монанди ҳақ бар ҳаёт, ҳақ бар саломат, ҳақ бар дастрасӣ ба муроқибатҳои беҳдоштӣ, ҳақ бар ғизо ва дору қаламдод мешавад. Ин маворид дар асноди мутааддид ва лозимулиҷроии ҳуқуқи башарӣ борҳо мавриди таъкид қарор гирифтааст. Таҳримҳои ғайриқонӯнӣ ва иқдомоти қаҳромез бавижа дар ҳангоми ҳамагирии як беморӣ, он гуна, ки вазири беҳдошт тавсиф кард, нишонае аз наслкушӣ аст. Иқдоми Амрико он қадр разилона ва паст аст, ки Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ бо вуҷӯди чашмпӯшиҳо бар воқеиятҳои нақзи ҳуқуқи башар, чанде қабл дар баёнияе бо мавзӯи чолишҳои ношӣ аз таҳримҳо дар маҳори шуюи куруно, ба шаклгирии навъе аз терроризми пизишкӣ алайҳи миллати Эрон изъон кард. Аммо Амрико ҳамчунон бо шиддат ва аташи серинопазир ба дунболи истифодаи абзорӣ аз таҳрим дар ҷиҳати эъмоли фишор бар давлатҳо ва миллатҳое аст, ки аз сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Кохи Сафед табаият намекунанд.

Барчасп