Ҷон бохтани 279 бемори коронаии дигар дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58327-Ҷон_бохтани_279_бемори_коронаии_дигар_дар_Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 4 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 279 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 14, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор ҳазору 830 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд
    Чаҳор ҳазору 830 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 4 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 279 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содот Лорӣ  чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: дар 24 соати гузашта, чаҳор ҳазору 830 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 ҳазору 237 нафар бистарӣ шуданд.

Лорӣ бо баён6и ин, ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 513 ҳазору 219 нафар расидааст афзуд: маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 29 ҳазору 349 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 414 ҳазору 831 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.