Октябр 15, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Тасаллияти солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом (с) ва шаҳодати Имом Ҳасан (а)
    Тасаллияти солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом (с) ва шаҳодати Имом Ҳасан (а)

Эрони исломӣ дар шаби реҳлати Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), имоми дувуми шиаёни ҷаҳон, ғарқи андӯҳ ва мотам аст.

Ҷумъа  28 сафари соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 16 октябри 2020 милоди солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом ( с ) ва шаҳодати Ҳазрат  Имом  Ҳасани Муҷтабо ( а ) имоми дувуми шиаёни ҷаҳон аст .
Паёмбари гиромии ислом ( с ) то қабл аз реҳлаташон дар соли 11 ҳиҷрии қамарӣ бо утуфат, аҳком ва мабоонии шариати набавиро ба шеваҳои писандида ва дар аёни ҳол, матину муҳкам баён карданд ва дар тарвиҷу нашри маорифи ҳуққаи дин ва ҳидояти он ба беҳтарини наҳви мумкин талош карданд .
Ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо ( а ) имоми дувуми шиъаёни ҷаҳон низ ки ҳудуди си сол бо падари бузургворшони Ҳазрати Алӣ бани Аби Толиб ( а ) имоми аввали шиаёни ҷаҳон, мулозимат доштанд , дар 28 сафари соли панҷоҳи ҳиҷрии қамарӣ дар 47 солагӣ ба дастури Муъовия ва ба дасти ҳамсараш масмум шуданд ва ба шаҳодат  расиданд.
Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳамад ( с) ва шаҳодати Ҳазрати Имом  Ҳасани Муҷтабо (а) бо раияти дастуруламалҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, бо ҳузур дар амокини мазҳабӣ ва масоҷиду ҳамчунин ҳарами мутаҳҳари Ҳазрати Имом Ризо ( а ) имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон дар Машҳад ( шимоли шарқи Эрон ) ва ҳарами мутаҳҳари Ҳазрати Маъсума ( с ) дар шаҳри муқаддаси Қум азодорӣ мекунанд .
Радиои тоҷикии Садоии Хуросон фаро расидани ин рӯзи саросар ғаму андӯҳ ва солгарди ин мусибати азимро ба ҳамаи шумо мусулмонони азизу гаронқадр  таслият арз мекунад .