Таслияти солрӯзи шаҳодати имом Алӣ бин Мӯсо Ризо алайҳиссалом
Шанбеи 29 сафари 1442 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 17 октябри 2020, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), аз наберагони паёмбари Ислом (с) ва имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон аст.
Ҳазрати Имом Ризо (а) набераи гаронқадри паёмбари гиромии Ислом (с) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон кушоданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодати расиданд.
Даврони ҳаёту имомати ҳазрати имом Ризо (а) даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) аст.
Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон (а), Маъмун - халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ эшонро масмум ва шаҳид кард.
Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, бо ҳузур дар ҳуссайнияҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари эшон дар Машҳад ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум азодорӣ мекунанд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) -ро ба ҳамаи мусулмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.