Октябр 18, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Маскав аз Амрико ҳаросе надорад
    Рябков: Маскав аз Амрико ҳаросе надорад

Муовини вазири хориҷаи Русия таъкид кард, Маскав аз Амрико ҳаросе надорад ва ба ҳамкории низомӣ бо Эрон идома медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия бо тавваҷӯҳ ба поён ёфтани маҳдудиятҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон гуфт, Русия аз таҳримҳои Амрико воҳимае надорад, зеро ба онҳо одат кардааст.

Вай афзуд, Русия дар ҳоли тавсеаи ҳамкории чандҷониба бо Эрон аст ва ҳамкорӣ дар заминаи низомӣ-фаннӣ баста ба ниёзҳои ду тараф ва омодагии мутақобил барои чунин ҳамкориҳое ба равиши ороме идома хоҳад ёфт.

Бар асоси қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, таҳримҳои таслиҳотии Эрон бомдоди рӯзи якшанбе 18 октябри 2020 ба поён расид.

Аъзои Шӯрои амният бо хости Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон мухолифат карданд.

Сафири Эрон дар Русия: Эрон ба дунболи тасҳили роҳҳои тиҷорати заминӣ ва дарёӣ бо Русия аст
Ҳамкории Эрон ва Русия барои тавлиди муштараки воксани куруно

 

 

Барчасп