Октябр 18, 2020 18:17 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон аз раванди сулҳ ба раҳбарӣ ва мудирияти афғонҳо ҳимоят мекунад
    Зариф: Эрон аз раванди сулҳ ба раҳбарӣ ва мудирияти афғонҳо ҳимоят мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон бар ҳимояти Теҳрон аз раванди сулҳ ба раҳбарӣ ва мудирияти афғонҳо ва тавофуқҳои ширкаткунандагон дар гуфтугӯҳои байни гурӯҳҳои мухталифи афғонистонӣ таъкид кард.

Ба гузориши идораи кулли иттилорасонӣ ва сухангӯии Вазорати умури хориҷа, «Муҳаммад Ҷаводи Зариф» вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори «Абдулло Абдулло» раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ҳимояти Теҳрон аз давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва раванди сулҳ ба раҳбарӣ ва мудирияти афғонҳоро мавриди таъкиди муҷаддад қарор дод.
Зариф ҳамчунин аз мушорикати  Адулло дар раванди сиёсӣ ва пазириши масъулияти Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистони қадрдонӣ ва мушорикати Толибон дар сохтори сиёсии Афғонистонро мавриди ҳимояти Эрон унвон кард.
Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ охирин таҳаввулоти ҷорӣ дар саҳнаи дохилии ин кишвар ва вазъияти марбут ба гуфтугӯ байни гурӯҳҳои мухталифи Афғонистонро ташреҳ кард .
 «Абдулло Абдулло » барои сафари се рӯза ва дидору гуфтугӯ бо мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба  ва сулҳу суботи Афғонистон, рӯзи якшанбе  вориди Теҳрон шуд.
Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон  пеш аз сафар ба Теҳрон ба Покистон ва Ҳинд сафар кард ва дар талоши ба вуҷуд овардани иҷмоъи минтақа барои ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон аст то гуфтугӯ бо Толибон дар Дуҳа  ба поёни доимии ҷанг дар ин кишвар мунҷар шавад.

Барчасп