Октябр 21, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ҷони 312 нафарро гирифт
    Корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ҷони 312 нафарро гирифт

Панҷ ҳазору 616 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, аз панҷ ҳазору 616 беморе, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд ду ҳазору 340 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 545 ҳазору 286 нафар расидааст.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 312 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 ҳазору 346 нафар расидааст.

Токунун 438 ҳазору 709 нафар аз ин беморони коронаии Эрон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.