Октябр 22, 2020 14:23 Asia/Dushanbe

Хабаргузории байналмиллалии тасвирии Эронпресс аз 23 сентябри 2017 ( аввали меҳри 1396 ) ба таври озмоишӣ шурӯъ ба кор кард ва дар таърихи 16 апрели 2019 ( 27 фарвардини 1398 ) ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд.

Эронпресс ҳамакнун аз тариқи фиди моҳвораии 24 соъата тасовири зинда аз Эрон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳонро барои мухотабон ва муштариёни хориҷ аз кишвар пахш мекунад.

Ин хабаргузории байналмиллалии тасвирӣ илова бар гурӯҳҳои мутаъаддиди пуштибонии тавлид, барои таъмини тасовири зинда ва тавлидӣ, дороии таҳририяи тавлиди хабар аст, ки дабирону хабарнигорони ҳавзаҳои мухталиф дар онҳо фаъол ҳастанд.

Тасовири хабарие, ки асосан  ба сурати зинда дарёфт мешавад; билофосила дар таҳририяи хабар ба забони англисӣ ва арабӣ тарҷума ва бо охирин тасовир мунташир мешавад.

Ҳамакнун 35 хабарнигори онлайн дар саросари Эрон бо Эронпресс ҳамкорӣ доранд ва охирин ахбори  ҳар нуқтаи Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи хабариро ба инзимоми тасовири муносиб аз ҷумла алибоми акс ё видео барои хабаргузорӣ ирсол мекунанд, ки дар саҳифаҳои вижаи сайти Эронпресс мушоҳида мешавад.

https://farsi.iranpress.com