Октябр 22, 2020 19:27 Asia/Dushanbe
  • Беш аз панҷ ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ шуданд
    Беш аз панҷ ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ шуданд

Тайи як шабонарӯзи гузашта дар Эрон беш аз 5ҳазор бемори нави мубтало ба вируси корона муайян карда шуд ва 304 нафари дигар фавтиданд.

"Симо Содот Лорӣ " сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охиин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, панҷ ҳазору 471 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 242 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамотӣ ироа шуд .
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони вируси корона дар Эрон ба 550 ҳазор 757 нафар расидааст, афзуд, дар 24 соати гузашта, 304 нафар аз беморони Ковид -и 19 ҷон бохтанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 31 ҳазору 650 нафар расидааст .
 бештар бихонед:

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 442 ҳазору 674 нафар аз беморони коронаӣ низ дар Эрон беҳбуд ёфтаанду аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Шумори афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 41 миллиону 14 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз як миллиону 140 ҳазор нафар ҷон бохтанд. 

Барчасп