Боздошти теъдоде аз террористҳои такфирӣ дар устони Форс
Вазири иттилооти Эрон аз дастгирии теъдоде аз террористҳои такфирии хориҷӣ ба ҳамроҳи беш аз 100 килограм маводи таркишӣ хабар дод.
Сайидмаҳмуди Алавӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори хабаргузории Садо симо ва дар ҳошияи маросими "Шоми ғарибон"-и Сайидулшуҳадо (ъ) дар Теҳрон афзуд, сарбозони гумноми имоми Замон (ъҷ) дар Вазорати иттилоот, бо ҳамкории соири дастгоҳҳои амниятӣ ва мардуми шарифи устони Форс, тавонистанд яке аз тавтеаҳои зидди амниятии гурӯҳҳои террористии такфириро хунсо намуда ва аз иртикоби як ҷиноёти ғайриинсонӣ дар маросимоти таҷдиди байат бо улгӯи озодагони ҷаҳон, мумониат ба амал оварданд.
Алавӣ афзуд, дар ин амалиёт теъдоде аз аносури террорист, ки ҳамагӣ атбои ғайриэронӣ буданд, дастгир ва беш аз 100 килограм маводи инфиҷорӣ ва таҷҳизоти мутааллиқа, аз террористҳо кашфу забт гардид.
Вазири иттилооти Эрон афзуд, асноди мавҷуд нишон диҳандаи хатдиҳии душманони Эрони исломӣ аз он сӯи марзҳо дар ҳидояти аносури террорист, барои эҷоди низоҳои мазҳабӣ дар дохили кишвар буда, ки бо ҳушёрии мардуми шариф ноком мондааст.
Ба гуфтаи Алавӣ, иттилооти такмилӣ дар ояндаи наздик ба иттилои мардуми шариф расонда хоҳад шуд.