Боздиди Ироқчӣ аз марзҳои Эрон бо Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Tue, 27 Oct 2020 08:38:05 GMT )
Октябр 27, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Амнияти минтақаҳои марзӣ хатти қирмизи Эрон аст
    Амнияти минтақаҳои марзӣ хатти қирмизи Эрон аст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Дар раванди муноқишаи Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари Қарабоғ набояд ба амнияти минтақаҳои марзӣ, садҳо ва биноҳои марзии Эрон осебе ворид шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе бо ҳузур дар минтақаи шимоли ғарби Эрон зимни боздид аз марзҳои Эрон бо Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Амнияти минтақаҳои марзӣ, садҳо ва биноҳои марзии воқеъ дар ин минтақа барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр муҳим ва хатти қирмиз аст ва набояд дар муноқишаи Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон осебе ба онҳо ворид шавад.

Дар даргириҳои ахири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ даҳҳо тири хумпора ва ракет ба рустоҳои марзии шимоли ғарби Эрон бархурд кардааст.

Дар паи ин таъаррузоти марзӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо ба тарафҳои даргир дар Қарабоғ ҳушдор дода ва аз онҳо хостаанд ҳуқуқи сарзаминии Эронро риоят кунанд.

Рӯзи гузашта низ бахше аз неруи заминии Сипоҳи посдорон дар марзҳои шимоли ғарбии Эрон дар муҷовирати ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон мустақар шуданд.

Даври нави даргириҳо байни ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон бар сари муноқишаи Қарабоғ аз 27 сентябр оғоз шуд ва шуморе аз неруҳои ду тараф кушта ва ё захмӣ шуданд.

Бештар бихонед: