Октябр 28, 2020 20:20 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз шаш ҳазор бемори ҷадиди Ковид-19 ва фавти 415 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи чоршанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар ин кишвар гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 824 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд,  ки аз ин теъдод ду   ҳазору 490 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон расонида шуд шуд."

Лорӣ афзуд : "Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 558 ҳазору 648 нафар расидааст, ки токунун 467 ҳазору 917 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд."

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт : «Муттаассифона дар 24 соати гузашта 415 нафар аз беморони Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 33 ҳазору 714 нафар расид.»

Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 44 миллион нафар расидааст,  ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 170 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 33 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд .

 Бештар бихонед :

Барчасп