Дабири кулли Иттиҳоди уламои муқовимат: Эрон дар масъалаи Фаластин устувор монд
(last modified Thu, 29 Oct 2020 16:24:27 GMT )
Октябр 29, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли иттиҳодияи уламои муқовимат: Эрон дар масъалаи Фаластин собитқадам мондааст
    Дабири кулли иттиҳодияи уламои муқовимат: Эрон дар масъалаи Фаластин собитқадам мондааст

Дабири кулли Иттиҳоди уламои муқовимат Ҷумҳурии Исломии Эронро ягона кишвари устувор дар масъалаи Фаластин номид ва гуфт: "Имрӯз Эрон намегузорад, ки режими саҳюнистӣ ҷиноятҳои худро озодона анҷом диҳад."

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Шайх Моҳир Ҳамуд"  дабири кулли иттиҳодияи уламои рӯзи панҷшанбе дар аввалин рӯз аз сиючаҳорумин конфаронси байналмилалии ваҳдати исломӣ тайи як паёми видиоӣ гуфт: тайи 41 сол ки аз пирӯзии инқилоб исломӣ мегузарад, Эрон тавониста вориди майдон ҷиҳод шавад, ба шакле, ки ҳеч касе вориди он нашуд ва Эрони исломӣ дар мавриди масалаи Фаластин собитқадам мондааст.

Моҳир Ҳамуд афзуд: Ҷумҳурии Исломи Эрон бо раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ  дар баробари режими саҳюнистӣ истода ва иҷоза намедиҳад, ин ҷиноёти худро озодона пеш бибарад.

 Дабири кулли иттиҳодияи уламои муқовимат бо ишора ба зарурати ваҳдат миёни мусулмонони ҷаҳон афзуд: бояд мусулмонон дар ҳар ҷои дунё дар муқобили зургӯии ситамгарон боистанд.

Сиючаҳорумин конфаронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо ҳузури 167 шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом имрӯзи панҷшанбе ба сурати маҷозӣ оғоз шуд.

Беш аз 167 шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом аз 47 кишвар ва ҳамчунин 120 суханрони дохилӣ ба сурати веб-семинар перомуни мавзӯҳои конфаронс суханронӣ хоҳанд кард.

Маросими ихтитомияи ин конференсия душанбе мусодиф бо 16 рабиул аввал ва шаби мелоди Паёмбари акрам ( с ) баргузор хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

34-умин конференсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ оғоз шуд

Дабиркулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ: ваҳдати уммати исломӣ, як роҳбурд аст