Ироқчӣ: Рӯйкарди Эрон барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғ аст
(last modified Fri, 30 Oct 2020 11:55:48 GMT )
Октябр 30, 2020 16:55 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири умури хориҷаи Эрон – Боку, Маскав, Ереван ва Анкараро бо тарҳи сулҳи Эрон барои Қарабоғ ошно мекунад
    Муовини вазири умури хориҷаи Эрон – Боку, Маскав, Ереван ва Анкараро бо тарҳи сулҳи Эрон барои Қарабоғ ошно мекунад

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар Ереван бар зарурати барқарории оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ таъкид кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар дидор бо Зоҳраб Мнатсаканиян, вазири умури хориҷаи Арманистон, тарҳи Эрон барои сулҳи доимӣ дар минтақаи Қарабоғро ба вазири умури хориҷаи Арманистон ироа дод ва таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон зарфиятҳои лозимро барои ҳамкорӣ дорад.

Ироқчӣ дар Ереван тарҳи сулҳи Эрон барои Қарабоғро ташреҳ кард

Мнатсаканиян низ бо баёни ин ки Арманистон мутаваҷҷеҳи ҳассосиятҳои Эрон дар робита бо таҳдидҳои ҷадиди амнияти минтақа аст, аз нақши ҷумҳурии исломӣ дар ҳифзи суботи минтақаӣ ва сулҳ истиқбол кард.

Ироқчӣ ва Мнатсаканиян ҳамчунин аз интиқол ёфтани террористҳои байналмилалӣ аз Ховари Миёна ба минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ ибрози нигаронӣ карданд ва онро таҳдиде ҷиддӣ барои кулли минтақа донистанд.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон пас аз дидору ройзанӣ бо мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия, панҷшанбешаб вориди Ереван, пойтахти Арманистон шуд.

Тарҳи сулҳи Эрон барои Қарабоғ  

Ироқчӣ рӯзи чаҳоршанбе дар оғози сафари давраии худ бо ҳадафи ироаи тарҳи сулҳи Эрон барои Қарабоғ, дар Боку ба хабарнигорон гуфт, хуруҷи Арманистон аз сарзаминҳои Озарбойҷон ва риояти ҳуқуқи ақаллиятҳо дар ҳар ду кишвар асоси тарҳи Эронро ташкил медиҳад.

Даргириҳо байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз 27 сентябр аз сар гирифта шудаву то кунун даҳҳо куштаву захмии низомӣ ва ғайринизомӣ барҷо гузоштааст.

 


 

Бештар бихонед: