Октябр 30, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори Ковид -19 дар Эрон то рӯзи 30 октябри 2020
    Охирин омори Ковид -19 дар Эрон то рӯзи 30 октябри 2020

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар Эрон аз 600 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 8 ҳазору 11 бемори ҷадиди Ковид – 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 754 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.

Лорӣ афзуд: “Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 604 ҳазору 952 нафар расидааст, ки то кунун 477 ҳазору се нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 365 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 478 нафар расидааст”.

Теъдоди гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 45 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 187 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 33 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп