Фарохони шоирон ва нависандагони форсизабони саросари ҷаҳон ба ҷашнвораи Моваро
Фарохони дувумин ҷашнвораи адабии байналмилалии Моваро вижаи шоирон, нависандагон ва мунтақидони форсизабон дар саросари ҷаҳон мунташир шуд.
Мавзӯи ин ҷашнвора, ки дар Исфаҳон баргузор мешавад, озод аст ва дар бахшҳои шеър(суннатӣ ва озод), достон ва китоб (шеъру достон) ва тарҷумаи тамоми мутӯни адабӣ ба форсӣ баргузор мешавад.
Алоқамандон барои ширкат дар ҷашнвораи адабии байналмилалии Моваро то 20 декабр (30 озар) фурсат доранд бо касби иттилооти бештар дар бораи шароити ирсоли асар аз даргоҳи ин ҷашнвора дар фазои маҷозӣ ба нишонии “mavara.jashnvareh” осори худро ба ҷашнвора ирсол кунанд.
Ҳамчунин почтаи электронии ҷашнвора ба нишонии “mavara . [email protected]” омодаи дарёфти осори аҳолии қалам аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Ҷаҳон, Эронро бо шеър мешиносад
Нахуствазири Испания бо шеъри Саъдӣ ҳамватанонашро ба ҳамдилӣ даъват кард