Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ табйин карданд :
Шеъри форсӣ расонаи камназир ва қудратманд дар даврони ҷанги расонаӣ аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз шоирон ва аҳолии фарҳанг ва адаби форсӣ , шеъри форсиро расонаи камназир ва қудратманд дар даврони ҷанги расонаӣ донистанд
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, дишаб ва дар шаби валодат босаодати карими аҳли байт, ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо алайҳиссалом,набераи поки Паёмбари акрам(с) ҷамъе аз шоирон ва аҳолии фарҳанг ва адаби форсӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.
Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ баъд аз шеърхонии шоирон, бо ибрози хурсандӣ аз истимрор(идома)и пешрафт ва рӯ ба авҷ будани шеъри форсӣ, шеърро расонаи муҳим ва таъсиргузор дар даврони ҷанги расонаӣ хонданд ва гуфтанд: Дар ин арса бояд аз мероси камназири шеър ва адаби форсӣ ба унвони расонаи қудратманд ва асаргузор ва нофиз ба беҳтарин ваҷҳ истифода шавад ва паёмҳои динӣ, тамаддунӣ, эронигарӣ, истодагӣ ва шуҷоат ба афкори умумии дунё мунтақил шавад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Албатта шарти асаргузории расонаи шеър, ҳунарӣ будани он аст ва ҳунарӣ будан низ манут(вобаста) ба «алфози маҳкам ва устувор», «мазмунёбӣ» ва «кайфияти баёни мавзӯъ» аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, интихоби паёми муносиб ва муфидро шарти дигар барои асаргузорӣ ва мондагории шеър хонданд ва гуфтанд: Расонаи шеър бояд интиқолдиҳандаи паёми «дин ва ахлоқ», «тамаддун» ва«эронигарӣ» бошад.
Ишон паёми истодагии шуҷоъонаи миллати Эрон дар муқобили зулм ва зиёдаталабии зӯргуёни ҷаҳонӣ ва мазоҳири он, яъне Амрико ва саҳюнистҳоро аз ҷумлаи паёмҳои мумтоз ва қобили интиқол донистанд ва хотирнишон карданд: Паёми истодагии миллати Эрон ва баёни сареҳ ва бидуни мулоҳизаи мавозеъ дар муқобили мустакбирон бисёр муҳим ва барои мардуми дунё шавқангез аст, ки намунаҳои истиқбол аз ин мавозеъ дар сафарҳои хориҷии раисони ҷумҳур ва суханронии онҳо дар иҷтимоъоти мардумӣ вуҷуд доштааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҷаласаи солона бо шоиронро ҷаласаи хуб ва бобаракат хонданд, аммо таъкид карданд: Ин ҷаласа набояд ҷаласаи зинатӣ бошад, балки зарурӣ аст имтидод дошта бошад ва бо думбол кардани матолибе, ки дар он матраҳ мешавад ба таъмини мақосид ва аҳдофи мавриди назар дар заминаи эътилои шеър кумак шавад.
Ишон дар идома ба баёни чанд тавсия хитоб ба шоирон ва дастандаркорони шеър ва адаби форсӣ пардохтанд ва дар тавсияи аввал бо ишора ба заъфи тарҷума ва баргардони ашъори хуб ва қавии форсӣ ба дигар забонҳо гуфтанд: Шеъри хуб бояд дар маърази истифодаи афкори умумии дунё қарор бигирад, бинобарин бояд наҳзати тарҷума эҷод шавад, то ашъор бо насри шоирона, гӯё ва қавӣ дар ихтиёри дигарон қарор бигирад, ки ин кори муҳим ва сахт, кори давлат аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар зарурати унс бо шеър аз даврони кӯдакӣ то навҷавонӣ ва ҷавонӣ, ворид кардани беш аз пеши ашъор дар китобҳои дарсӣ ба унвони бахше аз абзори интиқоли тамаддун, фарҳанг ва маорифро вазифаи Вазорати омӯзишу парвариш баршумурданд.
“Тақвияти ҳофизаи адабии мардум ва халлоқи кардани зеҳн ҷавонон дар истифодаи баҷо ва саҳеҳ аз ашъор ва таъкид бар мутолиа ва дарсомӯзӣ аз осори шеърии шоирони барҷаста”; ду тавсияи дигари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ буд
Ишон бо ибрози таассуф аз мазлум воқеъ шудани забони форсӣ дар баробари ҳуҷуми луғатҳои бегона, дар тавсияи дигар, посдошти ин забони пуркашиш ва қобили тавсеаро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд: Дар муқобили ин ҳаҷма бояд калимоти муодили форсе, ки баъзан бисёр зеботар ва истеъмоли онҳо осонтар аст, истифода шавад ва бо костан аз луғоти фарангӣ, ба хулуси забони форсӣ афзуда шавад.
Дар ибтидои ин дидор ҷамъе аз шоирон, сурудаҳои худро, ки ба сурати китоб ба чоп расида, ба Раҳбари муаззами инқилоб муаррифӣ карданд.Аз ҷумлаи ашъоре, ки дар ин дидор қироат шуд, шеърҳое дар васфи Имом Ҳасани Муҷтабо(алайҳиссалом) ва Имоми замон(а ҷ), дар тавсифи мазлумияти мардуми Ғазза ба вежа занону кӯдакон, дар ситоиш «падар ва модар» ва ҳамчунин бархе мавзӯъоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд.