Дипломати аршади Эрон: Эъломи беэътибории тавофуқи Қоҳира натиҷаи иқдомоти қаҳрии Ғарб аст
-
Ҳусайни Нӯшободӣ, мудири кулли қавонину порлумонии Вазорати умури хориҷаи Эрон
Порс-Тудей. Мудири кулли қавонину порлумонии Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, беэътибор эълом шудани тавофуқи Қоҳира натиҷаи қаҳрии иқдомоти беасоси ожонс ва се кишвари аврупоиву Амрико аст.
Қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки тавассути кишварҳои ғарбии Англия, Фаронса, Олмон ва Амрико ироа шуда буд, рӯзи панҷшанбе ва бидуни иҷмоъ ба тасвиб расид. Ин қатънома бо 19 раъйи мувофиқ, 12 раъйи бетараф ва се раъйи мухолиф ба тасвиб расиду мутаоқиби он кишварҳои Эрон, Русия, Беларус, Чин, Куба, Никарагуа, Венесуэла ва Зимбабве бо судури баёнияе муштарак дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ҳамалоти Амрико ва режими саҳюнистӣ ба таъсисоти ҳастаии таҳти подмони Эрон ва талош барои тасвиби қатъномаи ҷадиди зиддиэрониро маҳкум карда ва аз кишварҳои узв хостанд, дар баробари сиёсикорӣ дар бораи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон истодагӣ кунанд.
Қатънома бо фишори меҳвари ғарбӣ - ибрӣ содир шуд
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Ҳусайни Нӯшободӣ, мудири кулли қавонину порлумонии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар пайи тасвиби қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Ин баёния бо фишори меҳвари ғарбӣ - ибрӣ ва бидуни тавваҷуҳ ба ҳамкориҳои мустамари Ҷумҳурии исломии Эрон бо ожонс содир шудаву бори дигар Эронро ба адами пойбандӣ ба тааҳҳудоти подмонӣ муттаҳам кардааст.
Дипломати аршади Эрон афзуд: Мутаасифона, дар ин баёнияи зиддиэронӣ ҳеҷ ишорае ба таҷовузоти ғайриқонунии Амрико ва режими саҳюнистӣ ба таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон нашудааст, дар сурате ки ин таъсисот ба таври мустамар тавассути бозрасони ожонс мавриди бозрасӣ қарор доштааст.
Қатънома фоқиди арзиши ҳуқуқӣ ва ғайриилзомовар аст
Нӯшободӣ қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккомро фоқиди арзиши ҳуқуқӣ ва ғайриилзомовар донист ва таъкид кард, ки Шӯрои ҳукком бо ин иқдом, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳусни нияту таомулоти мусбату созандаи Эронро нишон дод.
Мудири кулли порлумонӣ ва қавонини Вазорати хориҷаи Эрон дар поён гуфт: Масъулини Ҷумҳурии исломии Эрон қаблан ҳушдор дода буданд, дар баробари рӯйкарди сиёсӣ ва мухаррибу хасмона сукут нахоҳанд карду иқдомоти мутақобиле анҷом хоҳанд дод.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон билофосила пас аз тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар Шӯрои ҳукком, аз ирсоли номаи расмии Эрон ба Рафаэл Гурусӣ, мудири кулли ожонс ва эъломи беэътибор будан ва хотима ёфтани тавофуқи Қоҳира хабар дод.
Ироқчӣ ва Гурусӣ нуҳуми сентябр ва бо миёнҷигарии Бадр Абдулъоти, вазири хориҷаи Миср дар Қоҳира бар сари шеваномаи ҳамкорӣ ва назорат бар таъсисоти ҳастаии Эрон ба тавофуқ расида буданд.