Шиддатёбии буҳрони инсонӣ дар Куба ба далели таҳримҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123030-Шиддатёбии_буҳрони_инсонӣ_дар_Куба_ба_далели_таҳримҳои_Амрико
Порс тудей - Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид лағви фаврии таҳримҳои Амрико бар бахшҳои ҳаётии Кубаро хостор шуд .
(last modified 2025-11-22T05:22:24+00:00 )
Ноябр 22, 2025 10:07 Asia/Dushanbe
  • Алена Дохан-гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид
    Алена Дохан-гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид

Порс тудей - Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид лағви фаврии таҳримҳои Амрико бар бахшҳои ҳаётии Кубаро хостор шуд .

Алена Доҳан-гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар сафар ба Гавана, пойтахти Куба эълом кард таҳримҳои Амрико вазъияти инсонӣ дар он кишварро ба таври қобили таваҷҷӯҳе бадтар карда, ки бо бисёре аз меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ созгор нест.
Доҳан гуфт, ки маҳдудиятҳои молӣ ва тиҷории Вашингтон муҷиби ихтилол дар бахшҳои ҳассос аз ҷумлаи беҳдошт , амнияти ғизоӣ ва омӯзиш шуда, ки бояд фавран бекор шавад.
Маҷмаъи умумии СММ ахиран бо 165 раъйи мувофиқ бори дигар поёни таҳримҳои Амрико зидди Кубаро хостор шуд ; таҳримҳое ки аз соли 1962 то кунун идома дорад ва монеъи беҳбуди равобити ду кишвар шудааст.