Шаҳодати 300 фаластинӣ аз замони иҷрои оташбас дар Ғазза
-
Созмони пизишкони бидӯни марз
Порс тудей - Созмони пизишкони бидӯни марз эълом кард, ки Исроил аз замони оташбас беш аз 300 фаластиниро дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расондааст ва кумакҳои башардӯстонае, ки ба ин борика мерасад , ҳануз кофӣ нест.
Созмони пизишкони бидӯни марз рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ин тозатарин мавҷи хушунати Исроил дар маҷмӯъае аз ҳамлаҳои зидди фаластиниҳо дар Ғазза аст, ки тибқи эъломи Вазорати беҳдошт , аз 11 октябр то кунун ба шаҳодати беш аз 300 фаластинӣ ва захмӣ шудани афзӯн бар 760 нафари дигар мунҷар шудааст . Ин созмон бо маҳкумияти ҳамалоти ҳавоии Исроил ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза , ҳифозат аз ҳамаи ғайринизомиён , коркунони бахшҳои беҳдоштӣ ва марказҳои дармониро хостор шуд . Тибқи эъломи дафтари расонаии давлат дар борикаи Ғазза , ишғолгарони исроилӣ аз замони иҷрои тавофуқи оташбас дар 11 октябр то 19 ноябр , ба 393 мавриди поймолсозии оташбас дар Ғазза даст задаанд. Мавҷи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ки ду рӯзи пеш оғоз шуд, мунҷар ба шаҳодати камаш 28 нафар шуд. Ин созмон ҳамчунин хотирнишон кард, ки гуруҳҳои ин созмон аз рӯзи чаҳоршанбе , дармони занону кӯдаконеро ки аз шикастагиҳоу захмҳои вобаста ба гулӯла дар дасту по ва сар ранҷ мебурданд , оғоз кардаанд.