Октябр 31, 2020 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кӯмак ба зилзилазадагон дар Ткркия эъломи омодагӣ кард
    Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кӯмак ба зилзилазадагон дар Ткркия эъломи омодагӣ кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Туркия дар пайи ҳодисаи зилзилаи Измир, омодагии Теҳронро барои ҳар навъ кӯмакрасонӣ ба зилзилазадагон эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар паёме ба Раиси Ҷумҳурии  Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ибрози таассуф аз заминларзаи дилхарош дар остони Измири ин кишвар ва ҷон бохтану масдум шудани иддае аз шаҳрвандон, аз даргоҳи худованди мутаъол барои хонаводаҳои доғдида бурдборӣ ва барои масдумон, шифои оҷил масалат кард.

Руҳонӣ ҳамчунин дар паёми худ эълом кард Ҷумҳурии Исломии Эрон барои фиристодани ҳар навъи кӯмаки имдодӣ, дармонӣ ва ёрирасонӣ ба мардуми манотиқи зилзилазада омодагӣ дорад ва умедвор аст ҳар чӣ зудтар шароити амн ба манотиқи осебдида бозгардад.


 Вазири умури хориҷа Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ  Саид Намакӣ,  ва раиси маҷлиси шӯроии исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф низ дар паёмҳои ҷудогона ба ҳамтоёни турки худ бо мардуми Туркия ибрози ҳамдардӣ карданд.

Устони Измир дар ғарби Туркия рӯзи ҷумъа чандин бор ларзид, ки дар яке аз зилзилаҳо ба бузургии 6, 6 риштер, осеби зиёде ба хонаҳои ин минтақа ворид шуд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, токунун 24 нафар дар ин заминларзаи кушта ва 800 нафар низ захмӣ шудаанд.

Бештари бихонед:

 

Барчасп